Пайвандҳои дастрасӣ

Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон барои интихоби аудитори хориҷие, ки фаъъолиятҳои молии онро таҳқиқ мекунад, озмун эълом хоҳад кард.

Бар асоси барномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Сандуқи Байнулмилалии Пул (СБП) ҳукумати кишвар аҳд кардааст, ки ҷиҳати шаффофият дар фаъъолиятҳои молии “ТАлКо” ва ҳамчунин ширкати “Барқи Тоҷик” аудиторҳои хориҷӣ фаъъолияти молии онҳоро таҳқиқ хоҳад кард.
СБП дар як гузориши ахираш ибрози нигаронӣ карда буд, ки фаъъолиятҳои молии ширкати “ТАлКо” норавшан боқӣ мемонад. Барои рафъи ин нигаронӣ ва бахшидани шаффофият дар кори ин корхона, ки доир ба фоидаҳои он сару садо зиёд аст, ҳукумати Тоҷикистон ваъда дод, ки фаъъолиятҳои молии «Талко» таввасути ширкати бетараф ва муътабари хориҷӣ таҳқиқ хоҳад шуд ва натиҷаҳои онро ҷомиъа ҳам хоҳад донист. Саёҳат Қодирова, сухангӯи “Талко”, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, корхона бар аҳди додаи худ содиқ аст ва барои эъломи озмун ҷиҳати аудит омодагӣ мегирад: “Дар чаҳорчӯби тавофуқот бо Сандуқи Байнулмилалии Пул раҳбарияти ширкати “Талко” омодагии худ барои аудити байнулмилалиро эълом кард ва бо ташаббуси худи ширкат фаъъолиятҳои молии он на танҳо дар соли 2007 балки дар соли 2006 низ таҳқиқ хоҳад шуд. Таййи чаҳор моҳи ахир мо пайваста бо Сандуқи Байнулмилалии Пул ва ҳукумати Тоҷикистон ҷузъиёти аудити пешниҳодиро баррасӣ мекардем. Талко тарҳи фаннии вазифаҳои онро таҳия карда ва дар ихтиёри созмонҳои байнулмилалии молӣ гузошт“.
Намояндаи СБП дар Тоҷикистон Люк Мойерс низ дар як баёнияи матбуъотӣ ибрози итминон додааст, ки “ТАлКо” тендери мазкурро охири ҳамин моҳ эълом хоҳад кард. Зимнан Люк Мойерс гузориши интернетии хабарнигори муқими Маскав Ҷон Ҳелмер таҳти унвони “Ҳамлаи Сандуқи Байнулмилалии Пул ба Ширкати Алюминиюми Тоҷикистон”-ро “таҳрифшуда” хонда ва гуфтааст, муаллиф гузориши созмони онҳоро нодуруст иқтибос кардааст. Дар мақолаи мазкур, ки чанде пеш нашр шуд, муаллиф даъво мекунад, ки фоидаҳои “ТАлКо” дар се соли гузашта ҳарчанд зиёд бошад ҳам, аммо ба кисаи афроди алоҳида дар ҳукумати Тоҷикистон рафтааст. Дар ин мақола ба моҷароҳои додгоҳии “ТАлКо” бо тоҷир Аваз Назаров ишора шудааст, ки ҳукумат ин тоҷирро ба дуздии миллионҳо доллар фоидаи корхонаи алюминиюм муттаҳам мекунад.
Люк Мойерс дар баёнияи матбуъотии худ дигарбора ба раванди иҷрои барномае ишора кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ва СЮП бар асоси он ҳамкорӣ мекунад ва аудити корхонаи мазкур низ яке аз талаботи барнома аст.
Бар асоси ин барнома, ҳукумати Тоҷикистон бояд то охири моҳи равон қарор дар мавриди таъсиси як ниҳоди нозир дар вазорати молияро содир кунад, ки бар тибқи он 10 ширкати азимтарини Тоҷикистон муназзам доир ба фаъъолиятҳои молии худ ба ин ниҳод гузориш диҳанд ва “ТАлКо” яке аз онҳост.
Мойерс аз раванди ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барнома ибрози қаноъатмандӣ карда ва иҷрои хуби онро ҷузъи муҳимми суботи макроиқтисодӣ, рушд ва мубориза бо камбизоъатӣ дар Тоҷикистон хондааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG