Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав созишҳо бо НАТО-ро лағв мекунад?


Маскав метавонад созиш бо НАТО дар мавриди интиқоли борҳои низомӣ ба Афғонистон аз тариқи қаламрави Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро лағв кунад. Ин изҳороти Замир Кобулов, сафири Русия дар Афғонистон дар сӯҳбат бо нашрияи бритониёвии The Times пахш гардид. Дипломати воломақом гуфтааст, ки айни ҳол ин созиш набояд амалӣ шавад, зеро Маскав ҳамкории низомӣ бо НАТО-ро мутаваққиф кардааст. Замир Кобулов ҳамчунин аз сӯи Русия бознигарӣ шудани қарордод бо Паймони Атлантикаи Шимол дар мавриди истифода аз ҳарими ҳавоии худро низ баъйид намедонад. Мақомоти НАТО ҳанӯз ба ин изҳорот вокуниши расмӣ нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG