Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи конфаронси амниятӣ дар Порис


Дар Порис конфаронси байнулмилалӣ оид ба амният ифтитоҳ шуд. Дар нишаст ҳайатҳо аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Осиёи Марказӣ, Русия, Чин ва Ҷопон масоили марбут ба мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухадир, қочоқи инсон, амнияти энерҷӣ ва муҳити зистиро баррасӣ мекунанд. Афғонистон дар конфаронс ба ҳайси нозир ширкат дорад. Ҳайати Тоҷикистонро вазири хориҷаи кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ раҳбарӣ мекунад.

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар арафаи конфаронс аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки мавзӯъи арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар ва озодии матбуотро ба рӯзнома ворид кунад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз маҳдудсозии фаъолияти расонаҳои хабарӣ дар Осиёи Марказӣ, ба вижа, дар Туркманистон ва Узбакистон сахт нигаронанд.

XS
SM
MD
LG