Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи аломатгузории хатти марзи ду ҳамсоякишвар


Музокироти миёни Қирғизистону Тоҷикистон роҷеъ ба таъйини хатти марзи байни ин ду кишвар ҳанӯз ба давраи ниҳоии худ нарасидааст.

Дар ин бора нашрияи электоронии «Тазар», ба нақл аз қавли Асеин Исоев, мудири департаменти Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар умури давлатҳои ҳамсуд, хабар медиҳад. А. Исоев гуфтааст, ки ин музокирот бо дарназардошти риъояти меъёрҳои байнулмилалӣ, эҳтироми истиқлол ва якпорчагии марзҳои ҳамдигар соли 2002 шурӯъ шуда буд.
Тӯли умумии марзи миёни ду кишвар 970 километрро ташкил мекунад ва он то қаторкӯҳҳои Олой ва Туркистон доман густардааст. Дар ҳамин ҳол дасти кам 500 км тӯли марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон аломатгузорӣ шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносони ҳар ду кишвар дар садади дақиқ намудани хатти марз ва аломатгузории қисмати боқимондаи марз мебошанд. Ба таъкиди мудири департаменти Вазорати хориҷаи Қирғизистон, ҷонибҳо муҳлати ниҳоии таъйин ва аломатгузории марзро ҳанӯз дақиқ муайян накардаанд.
Ба таъкиди А. Исоев, вақти анҷоми ин кор чандон муҳим набуда, кофист, ки байни ҷонибҳо ҷиҳати таъйин ва аломатгузории марз ихтилофи назар рӯи кор наояд: «Чунин шитобкорӣ мунҷар ба сар задании низоъ ва ихтилоф, ҳамчунин нооромиву бесуботӣ хоҳад шуд».
Оқои Исоев ибораи «минтақаҳои баҳснок»-ро дуруст намешуморад. Ба гуфтаи ӯ, чунин минтақаҳои, ба истилоҳ, баҳснок дар миёни Қирғизистону Тоҷикистон вуҷуд надоранд. Вале, меафзояд ӯ, он қисмати марз, ки муайян кардани хатти саҳеҳи он мушкил эҷод мекунад, бо дарназардошти мавқеъгирии тарафайн, дар сатҳи болоии ҳукуматҳои ин кишварҳо ҳал хоҳанд шуд.
Бино бар гуфтаи оқои Исоев, танзими марз дар водии Фарғонаро лозим аст тавассути «гузашт ва мусолиҳа» ҳал намуд, ки дар чунин маворид, аслан, ҳеч фишори сиёсиву иқтисодӣ ё низомӣ маънӣ нахоҳад дошт.
Ва Қирғизистон маҳз аз ҳамин принсипҳо истифода хоҳад кард, суханашро тазаккур дод мудири департаманти Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар умури давлатҳои ҳамсуд. Ӯ муътақид аст, ки ба ҳар сурат анҷоми таъйин ва аломатгузории хатти марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар зудтарин фурсат дар тавсеъаи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии байни ин кишварҳо мусоъидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG