Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои Марказӣ хостори эътидол дар бозори молиянд


Бузургтарин Бонкҳои Марказии ҷаҳон барои эҳёи эътидол дар бозори молия аз чораҳои муштарак кор мегиранд. Бонки Марказии ИМА эълон дошт, ки барои ин ҳадаф 180 миллиард доллар ҷудо мекунад. Бонки Марказии Аврупо, Бонкҳои Марказии Бритониё ва Швейсария ҳам изҳор карданд, ки барои тахсиси маблағи зарурӣ ба бонкҳои ниёзманд омодаанд. Дар ин созиш Бонкҳои Марказии Канада ва Ҷопон ҳам ширкат доранд.

Пойинравии бесобиқаи қурби саҳмияҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ баъд аз эълони варшикастагии Lehman Brothers – яке аз бузургтарин бонкҳои ИМА шурӯъ шуд. Имрӯз хабар расид, ки шояд Lehman Brothers аз сӯи бонки Morgan Stanley харидорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG