Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста - муддаъиёни унвони қаҳрамони Тоҷикистон


Давраи севуми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бо ду бозӣ оғоз шуд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба кард. Бозии CSKA «Помир»-и Душанбе бо дастаи меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Дар ҳамин ҳол, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар 20 бозӣ 50 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. Воқеъан, «Регар» ТадАЗ дар даври ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 19-уми сентябр бо дастаи «Ишқобод»-и Туркманистон қувваозмоӣ мекунад. Ин бозӣ соати 11 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи марказии «Спартак»-и пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек оғоз мешавад. Сипас бозии дуввуми ниманиҳоӣ дар ин варзишгоҳ байни дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва «Полис Клаб»-и Непал баргузор мегардад. Ғолибони даври ниманиҳоӣ ба бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 21-уми сентябр барпо мешавад, роҳ меёбанд.

Дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа 45-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Парвоз» дар ҷои дуввум, «Вахш» дар ҷои севум мебошанд. Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 44 имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор дорад.


Мавқеъи дастаҳо дар
ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Регар» ТадАЗ

20

16

2

2

68-17

50

2

«Парвоз»

20

14

3

3

42-18

45

3

«Вахш»

21

14

3

4

39-17

45

4

«Хуҷанд»

20

14

2

4

28-13

44

5

«Энергетик»

23

10

3

10

39-34

33

6

«Динамо»

20

9

4

7

32-30

31

7

«Тоҷиктелеком»

21

7

1

13

29-42

22

8

«Саройкамар»

22

5

4

13

30-41

19

9

«Гвардия»

23

5

3

15

22-50

18

10

CSKA «Помир»

22

5

1

16

14-45

16

11

«Равшан»

22

4

2

16

20-56

14

XS
SM
MD
LG