Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Медали Озодӣ" ба Михаил Горбачёв


“Медали Озодӣ” барои соли 2008 ба раиси ҷумҳури собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв супурда хоҳад шуд. Маросими эҳтои ин ҷоизаи бонуфуз, ки соли 1988 аз сӯи Шӯрои миллии конститутсионии ИМА таъсис шудааст, имрӯз дар Филаделфия баргузор мешавад. Интизор меравад, ки “Медали Озодӣ”-ро ба Михаил Горбачёв раисиҷумҳури пешини Амрико Ҷорҷ Буши калонӣ супорад. Тибқи хабарҳо, аввалин ва охирин президенти СССР ба ин ҷоиза “барои саҳмаш дар хатми “ҷанги сард” лоиқ дониста шудааст. Дар маросимҳо бахшида ба 20-умин солгард аз фурӯрезии Девори Берлин Котиби давлатии ИМА Кондализа Райс ширкат хоҳад кард.

Аз ин пеш “Медали Озодӣ” ба Нелсон Мандела, Лех Валенса ва Виктор Юшенко супурда шуда буд.
XS
SM
MD
LG