Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Қафқоз ду пойгоҳи низомӣ месозад


Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия изҳор намуд, ки дар қаламрави Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон пойгоҳҳои низомии Русия бунёд хоҳанд шуд. Зимни суханронӣ дар нишасти куматаи равобити байнулмилалии Шӯрои Федератсион – палатаи болоии порлумони кишвар ӯ гуфт, ки "Маскав ба ҷуз таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дигар василаи таъмини амнияти мардуми ин ду ҷумҳуриро намебинад".

Дирӯз раҳбарони Русия, Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон дар Маскав созишҳои дӯстиву ҳамкорӣ ба дастгирии тарафайнро имзо карданд, ки дар онҳо, аз ҷумла, ҳаққи Маскав бунёди пойгоҳи низомӣ дар ин ҷумҳуриҳо зикр шудааст. Мақомоти Гурҷистон ин созишҳоро ғайриқонунӣ ва хилофи ҳуқуқи байнулмилалӣ хондаанд.
XS
SM
MD
LG