Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадима соҳиби раиси нав шуд


То ҳанӯз омори расмии интихоботи рӯзи 17 сентябр дар ҳизби ҳокими Кадимаи Исроил эълон нашудааст, вале аллакай сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт ба вазири корҳои хориҷии ин кишвар Тсипӣ Ливнӣ тамоси телефонӣ гирифта, ӯро пирӯзӣ табрик кард.

Тобистони соли равон дар рӯ ба рӯи иттиҳоми фасод сарвазир ба интихоби раҳбари нави ҳизби ҳоким мувофиқат намуда, ваъда дод, ки баъди интихобот ҳам аз курсии раҳбари ҳизб ва ҳам аз курсии сарвазир барканор мешавад.

Барканории сарвазири Исроил Олмерт имкон медиҳад, ки вориси ӯ ҳадди ақалл кӯшиш кунад, то эътилофи зарурӣ барои ташкили ҳукумати навро ҷамъ намояд. Ҳоло баъди тасдиқи расмии пирӯзӣ хонум Ливнӣ - вазири корҳои хориҷии Исроил бо мушкили ташкили ҳукумати нав рӯ ба рӯ мегардад ва агар муваффақ нашавад, моҳи март дар Исроил интихоботи пешазмӯҳлат доир хоҳад шуд. Хонум Ливнӣ бо вазири нақлиёти Исроил генерали бознишаста Шаул Мофаз, ки зодаи Эрон аст, рақобат дошт.

То ҷое маълум аст, фаластиниҳо ва миёнаравҳои раванди сулҳи Исроил аз пирӯзии Ливнӣ хушҳол мебошанд. Ливниро ҳамчун ҳомии роҳи дипломатии низоъ бо фаластиниҳо мешиносанд. Ӯ раиси ҳайъати музокироти сулҳ бо Маҳмуд Аббос - раҳбари фаластиниҳо мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки Ливнӣ аз "кабӯтар" ҳам бештар сулҳро дӯст дорад. Ба қавли Ливнӣ, на силоҳ, балки музокирот ҳамзистии осоишта бо фаластиниҳоро таъмин мекунад. Ливнӣ тарафдори беруншавии Исроил аз аксари манотиқи ишғолшудаи соҳили ғарбии рӯди Урдун ва шарқи шаҳри Байтулмуқаддас мебошад. Ба фикри вай, чунин иқдом ба ташкили ду давлат ва созиш бо фаластиниҳо роҳ мекушояд.

Чунин ақидаронии Ливниро шореҳон намунаи истиқлоли зеҳнии ӯ мешуморанд, зеро падараш Эйтан Ливнӣ, раҳбари созмони миллатгарои Иргун ва модараш яке аз фаъолони созмони мазкур буда, солҳои чилуми асри гузашта бар зидди ҳукумати британиявии Фаластин ҷанг кардаанд. Иргун ҷонибдори ташкили "Исроили бузург" буд, ки дар он соҳили ғарбӣ низ шомил аст.

Тсипӣ Ливнӣ, ки ҳоло 50-сола шудааст, дар ҷавонӣ муддате афсари пинҳонии хадамоти иктишофи хориҷии Исроил - Моссад будааст. Ибтидо ӯ узви ҳизби муҳофизакори Ликуд буд, вале соли 2005-ум вақте Ариэл Шарон ҳизби Кадимаро ташкил кард, Ливнӣ ба он ҳамроҳ шуд.

Ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии Исроил хонум Ливнӣ сиёсатмадори муваффақ ба шумор меравад. Маҷаллаи Тайм ӯро дар рӯйхати 100 зани муассири олам ҷой додааст.

Агар Ливнӣ ба ташкили эътилофи ҳоким муваффақ гардад, ӯ дувумин зани сарвазир дар Исроил хоҳад буд. Аввалин зан хонум Голда Мейр дар солҳои 1969-1974 мансаби сарвазири Исроилро бар ӯҳда доштааст.

XS
SM
MD
LG