Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷануби Ироқ 5 сарбози амрикоӣ ҳалок шуданд


Низомиёни ИМА мегӯянд, бар асари фурӯди номуваффақи чархбол дар ҷануби Ироқ 5 сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Ба навиштаи хабаргузории Ассошиэйтед пресс субҳи имрӯз дар садкилометрии ғарби шаҳри Басра чархболи Чинук ба истилоҳ "фурӯди сахт" кардааст. Чархболи мазкур корвони низомии ИМА аз Кувайт ба пойгоҳи низомии Балад, воқеъ дар шимоли Бағдодро, аз ҳаво нигаҳбонӣ мекард. Низомиёни мегӯянд, сабаби тасодуф таҳқиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG