Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ҳамла болои сафорати ИМА-ро маҳкум кард


Шӯрои Амният ва дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳамлаи маргталабона болои сафорати ИМА дар шаҳри Санъои Яманро маҳкум кардаанд. Дар ин ҳамла камаш 16 нафар ба қатл расиданд. Бар асари ҳамла девори сафорат рахна нашудааст ва тавре гуфта мешавад, дар байни қурбониҳо ягон нафар шаҳрванди ИМА намебошад.

Шӯрои Амнияти СММ ҳамларо "амали террористӣ" номида, талаб кардааст, ки масъулони он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш гуфт, ҳамла ёдоварӣ аз он аст, ки ИМА дар ҳоли ҷанг бо ифротгароҳоест, ки барои расидан ба ҳадаф ҳозиранд6 мардуми бегуноҳро ба ҳалокат расонанд.

XS
SM
MD
LG