Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ИМА нархи нафту тилло боло рафтааст


Дар ИМА нархи авроқи гаронбаҳо поин шуда, қимати нафту тилло боло рафтааст. Дурнамои бозорҳои молӣ норӯшан буда, рӯзи чоршанбе қимати авроқ дар бозори The Dow Jones беш аз 4% қурби худро аз даст доданд. Як рӯз пеш аз он ҳукумати ИМА ба хотири наҷоти ширкати бузурги бима: AIG 85 миллиард доллар тахсис дод.
Дар ин байн иттилоъ расид, ки дар бозори Ню Йорк нархи нафт 6,6% боло рафта ба 97,16 доллар баробар шудааст. Нархи тилло бошад, 70 доллар афзоиш ёфта ба 850,5 доллар дар муқобили як унс дакка хӯрд.
Дар Русия ҳам нархи авроқи гаронбаҳо бо суръат поин шудаанд. Ду рӯз инҷониб дар бозорҳои молии ин кишвар тиҷорат мутаваққиф мешавад.
Вазорати молияи Русия гуфтааст, ки дар давоми се моҳи оянда муодили 44 миллиард долларро барои наҷоти бозорҳо тахсис медиҳад.
Рӯзи чоршанбе хариду фурӯш дар бозорҳои кишварҳои аврупоӣ низ пеш аз мӯҳлат хотима ёфт, зеро нархҳо босуръат поин мешуданд.

XS
SM
MD
LG