Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе Анҷумани равшанфикрон ифтитоҳ меёбад


Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани равшанфикрони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ баргузор мегардад, ки ҳадаф аз он муколама дар масъалаҳои башарӣ мебошад. Анҷумани мазкур бори аввали дар соли 2006-ум дар Маскав, бори дуюм дар соли 2007-ум дар Остона доир шуда буд. Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Ирина Каримова ба хабарнигори Итар-тасс гуфтааст, ки дар нишасти имсола ҳайъатҳои Гурҷистону Узбакистон ширкат нахоҳанд варзид.
Ҳайъати Русияро раиси дастгоҳи президенти ин кишвар Сергей Наришкин сарварӣ мекунад. Дар ҷаласаи ифтитоҳии анҷумани дурӯза президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид.
XS
SM
MD
LG