Пайвандҳои дастрасӣ

Ливнӣ раҳбари нави ҳизби ҳокими Исроил мешавад


Ҳисоби пешакии ғайрирасмӣ аз он гувоҳ аст, ки вазири корҳои хориҷии Исроил хонум Тсипӣ Ливнӣ дар интихоботи ҳизби ҳокими Кадимаи ин кишвар пирӯз шудааст. Пеш аз интихоботи сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт, ки бо иттиҳоми фасод рӯ ба рӯ мебошад, гуфта буд, ки баъди интихоби раҳбари нави Кадима ӯ ба истеъфо меравад ва имкон медиҳад, ки ворисаш ҳукумати нав ташкил кунад. Ливнӣ бо вазири нақлиёти Исроил Шаул Мофаз, ки мутаваллиди Эрон аст, рақобат дошт.
XS
SM
MD
LG