Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкоршавии чор ҷасади сарбозони рус дар Ингушистон


Дар хоки Ингушистон, наздики марз бо Чеченистон ҷасади чаҳор сарбози рус ошкор шудааст. Вазири дохилаи Ингушистон гуфт, ки қурбониҳо узви нирӯҳои вижаи Русия буданд. Вай гуфт, ки гурӯҳи мусаллаҳе ба мошини сарбозон дар роҳе ҳамла карда онҳоро дар ҳамон ҷой ба ҳалокат расонидааст. Субҳи имрӯз хадамоти махфии ФСБ-и Русия хабар дод, ки онҳо дар ҷумҳурии ҳамсояи Доғистон 10 шӯришии мусаллаҳро ба қатл расонидаанд.
XS
SM
MD
LG