Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Бозиҳои Х111 паралимпӣ


Шоми 17-уми сентябр дар варзишгоҳи миллии «Ошёни парранда»-и шаҳри Пекин маросими пӯшидашавии Бозиҳои Х111 паралимпӣ баргузор шуд.

Ин Бозиҳо, ки 6-уми сентябр дар пойтахти Чин оғоз ёфта буданд, бо ширкати беш аз 4 ҳазор варзишгари маълул аз 148 кишвар доир гардиданд.

Бад-ин тартиб, дар тӯли 11 рӯзи рақобатҳо варзишгарони 76 кишвар дар 20 ришта медалҳои паралимпӣ ба даст оварданд. Намояндагони 52 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои паралимпии Пекин даст ёфтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мизбон -Чин бо касби 211 медал, аз ҷумла 89 тилло дар ҷои аввал қарор гирифт. Бритониёи Кабир бо касби 102 медал, минҷумла 42 тилло дуввум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 99 медал, аз ҷумла 36 нишони тилло севум шуданд. Инчунин байни панҷ дастаи беҳтарин, Укроин бо касби 73 медал, аз ҷумла 24 тилло ва Австралия бо касби 79 медал, аз ҷумла 23 тилло ҷой гирифтанд.

Ба ғайр аз Укроин миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ боз 6 кишвар – Русия (ҷои 8-ум, ҳамагӣ 63 медал, аз ҷумла 18 тилло), Беларус (21-ум, 13, аз ҷумла 5 тилло), Озарбойҷон (38-ум, 10, аз ҷумла 2 тилло), Латвия (45-ум, 3, аз ҷумла 1 тилло), Литва (56-ум, 2 нуқра) ва Эстония (69-ум, 1 биринҷӣ) соҳиби медалҳои паралимпӣ гардиданд.

Вале варзишгарони маълули тоҷик Зайтуна Розиқова ва Хайруллоҳ Абдураҳимов дар ин Бозиҳо дар сабқати вазнабардорӣ ё пауэрлифтинг дар ҷойҳои охирин қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG