Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо Абхозистону Осетия паймони ҳамкорӣ баст


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар Маскав бо раҳбарони ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Гурҷистон санадҳои ҳусни тафоҳумро ба имзо расонд. Аҳдномаҳои мазкур шаклгирии ҳамкориҳои Маскавро бо ҷумҳуриҳои Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дар бахшҳои низомӣ, дипломатӣ ва иқтисодӣ дар назар мегирад. Русия истиқлолияти ин ду ҷумҳуриро ба расмият шинохтааст. Медведев ба пуштибонии низомии ин ду ҷумҳурӣ ваъда дод ва гуфт:

"Таҷовузи такрорӣ аз ҷониби Гурҷистон, ки мутаассифона аз рӯҳияи интиқомҷӯёна ва идомаёбии мусаллаҳсозии ин давлат бармеояд, боиси сар задани фоҷеае дар сатҳи минтақаӣ хоҳад шуд. Аз ин хотир, ҳеҷ кас набояд шак дошта бошад, ки мо пеши роҳи моҷарои нави низомиро хоҳем гирифт. Ҳеҷ кас набояд хаёли ботил дошта бошад".

Гурҷистон гуфт, ки имзои аҳдномаҳои мазкур маънои онро дорад, ки Маскав амалан ин ду минтақаро ба ҳайати Русия ҳамроҳ кардааст. Александр Ломая, дабири шӯрои амнияти милии Гурҷистон гуфт, ки иқдоми мазкур "принсипҳои бунёдии қавонини байналмилалро дағалона поймол мекунад". Дар ҳамин ҳол, ИМА аз Русия даъват кард, ки тамомияти арзии Гурҷистонро эҳтиром карда, аз Маскав хостааст, ки нирӯҳояшро ба мавқеъҳои пеш аз низоъҳои моҳи август баргардонад. То имрӯз танҳо Никарагуа аз иқдоми Маскав дар амри пазириши истиқлолияти Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ пайравӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG