Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониҳои таркишҳои Яман афзоиш меёбад


Мақомоти Яман гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамла болои сафорати ИМА дар Сано, 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Манбаъҳои расмӣ мегӯянд, ки дар миёни қурбониҳо шаш афсари амниятии Яман, шаш ҳамлагар ва чаҳор раҳгузар мебошанд.

Як сухангӯи сафорати амрико гуфт, ки дар беруни сафорат дар шаҳри Сано мошини ҳомили бомбае мунфаҷир шуд ва дафъатан баъди ин таркиши дуюм рӯй дод. Шоҳидон гуфтанд, ки дар паи таркиш задурхӯрди мусаллаҳонае миёни муҳофизони сафорат ва ҳамлагарони эҳтимолӣ сурат гирифт.

Яман ватани аҷдодии Усома Бин Лоден аст ва соли ҷорӣ ба саҳнаи ҳамлаҳои зиёди Ал-Қоида табдил шуд, ки яке аз онҳо зидди сафорати Амрико нигаронида шуда буд. Ҳамлаи имрӯзаро гурӯҳе бо исми "Ҷиҳоди исломӣ" ба ӯҳда гирифтааст, ки вобаста ба Ал-Қоида гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG