Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангиёни исломӣ масъулияти таркиши мошини ҳомили бомбаро дар назди сафорати ИМА дар Сано ба ӯҳда гирифтанд.

Сухангӯи сафорат гуфт, ки дар натиҷаи бомбгузорӣ ва силсилаи таркишҳо хисороте чанд ба мушоҳида расидааст. Гурӯҳе бо исми "Ҷиҳоди Исломӣ" дар Яман масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта гуфтааст, ки сафоратхонаҳои бештарро дар оянда ҳадаф қарор медиҳад.

Мақомоти Яман гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамла болои сафорати ИМА дар Сано, 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Манбаъҳои расмӣ мегӯянд, ки дар миёни қурбониҳо шаш афсари амниятии Яман, шаш ҳамлагар ва чаҳор раҳгузар мебошанд.

Сухангӯи сафорат Раян Гилҳа гуфт, ки дар паи таркишҳо хисороте чанд ба мушоҳида мерасад ва тибқи иттилои ӯ, дар паи таркиши аввал чандин инфиҷори дигар рух додааст. Як масъули амниятии Яман гуфт, ки дар назди сафорат ду мошини ҳомили бомба мунфаҷир шуд ва дар пайи он, ҳудудан 10 дақиқа тирандозиҳои мусаллаҳона ба гӯш расид. Ба иттилои сафорати Амрико, чанд сохтмони истиқоматии воқеъ дар наздикии ин маҳал осеб дида, аммо роҷеъ ба хисороти ворида ба сафорати Амрико иттилое дар даст нест. Сухангӯи сафорат танҳо илова кард, ки се муҳофизи сафорат маҷрӯҳ шудаанд.

Дар натиҷаи ин таркишҳо, дасти кам ҳафт шаҳрванди Яман бо ҷароҳатҳои мухталиф ба касалхона интиқол ёфтанд. Тибқи гузоришҳо, онҳо сокини манзилҳои атрофи маҳалли таркиш будаанд, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё нафаре аз маҷрӯҳшудагон ба ҳалокат расидаанд ё хайр.

Яман ватани аҷдодии Усома Бин Лоден аст ва соли ҷорӣ ба саҳнаи таркишҳои зиёди Ал-Қоида бадал ёфт, ки яке аз онҳо зидди сафорати Амрико нигаронида шуда буд. Масъулияти ҳамлаи моҳи мартро болои сафорати Амрико, ки касеро аз ходимони он осебе нарасонда аммо 13 духтари шогирди мактаби ҳамсояро маҷрӯҳ намуд, гурӯҳе вобаста ба ин шабакаи террористӣ ба дӯш гирифт. Дар паи ин рӯйдодҳо, кормандони мақомҳои дуюму сеюми сафорат ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон сафоратро тарк карданд, аммо ҳамаи онҳо дар як моҳи гузашта дубора сари кор баргаштанд.

Алорағми талошҳои ҳукумат барои нобудсозии шабакаи ал-Қоида дар Яман, ҳузури ин гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар хеле фаъол гуфта мешавад. Ал-Қоида дар бомборони киштии низомии амрикоиҳо дар бандари Адени Яман дар соли 2000-ум муттаҳам мешавад, ки 17 сарбози нирӯҳои дарёии ин кишварро кушта бар ҷой гузошт. Ду сол баъди ин ҳодиса, ҳамлае болои киштии нафткаши фаронсавӣ аз ҷониби ҳамин шабакаи террористӣ мунҷар ба ҳалокати як нафар шуд.

XS
SM
MD
LG