Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониҳои ҳамлаҳои Ҷиҳоди Исломӣ дар Яман


Имрӯз сафорати ИМА дар Яман мавриди ҳадафи бомба ва ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор гирифта, дар натиҷа чандин кас ба ҳалокат расиданд. Вазорати дифои Яман гуфт, ки дар ҳодисаҳои имрӯза дасти кам 8 нафар, аз ҷумла чаҳор ҳамлагар кушта шуданд. Аммо гузоришҳои дигар шумори қурбониҳои таркишҳои имрӯзаро бештар арзёбӣ карда инчунин мегӯянд, ки дар миёни қурбониҳо шаш сарбози яманӣ ҳам мебошанд.

Як сухангӯи сафорати амрико гуфт, ки дар беруни сафорат дар шаҳри Сано мошини ҳомили бомбае мунфаҷир шуд ва дафъатан баъди ин таркиши дуюм рӯй дод. Шоҳидон гуфтанд, ки дар паи таркиш задурхӯрди мусаллаҳонае миёни муҳофизони сафорат ва ҳамлагарони эҳтимолӣ сурат гирифт.

Яман ватани аҷдодии Усома Бин Лоден аст ва соли ҷорӣ ба саҳнаи ҳамлаҳои зиёди Ал-Қоида табдил шуд, ки яке аз онҳо зидди сафорати Амрико нигаронида шуда буд. Ҳамлаи имрӯзаро гурӯҳе бо исми "Ҷиҳоди исломӣ" ба ӯҳда гирифтааст, ки вобаста ба Ал-Қоида гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG