Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони навраси тоҷик – дар Тошканд


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон, ки 18-уми сентябр дар шаҳри Тошканди Узбакистон оғоз мешавад, ширкат хоҳад кард.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквондо ITF-и Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати ҷаҳонӣ, ки то рӯзи 21-уми сентябр идома хоҳад кард, шарафи кишварро беҳтарин варзишгарон ҳимоя мекунанд.

Вай афзуд: «Ба ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар 16 варзишгари то 18-сола шомиланд. Миёни онҳо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони сабқати ҷаҳониву қитъавӣ, ба мисли Нигора Ҳамидова, Зӯҳро Холова, Надима Раҳимзода, Улуғбек Аҳмадов, Парвиз Маҳмудов ва дигарон ҳастанд».

XS
SM
MD
LG