Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талотум дар бозорҳои молӣ танҳо бонкдорону тоҷиронро натарсонидааст, балки бар асари он садҳо ҳазор нафар шабҳои бехобӣ мекашанд ва дар фикри наҷоти амонатҳои хешанд, ки солҳо дар бонкҳо гузоштаанд.

Менг Сенг - яке аз сокинони Сингапур, ки барои пас гирифтани амонатҳояш дар назди идораи ширкати AIG навбат меистод, мегӯяд:

«Бонкҳои зиёде муфлис шуданд. Ман намедонам натиҷаи он чӣ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, беҳтар аст ман пулҳоямро дар киса дошта бошам. Ин беҳтар аст.»

Бонкҳои марказии кишварҳои Аврупо ва Осиё худро барои сенарияҳои бадтар омода мекунанд, то дар сурати зарурат ба кӯмаки бонкҳои тиҷоратии тиҳидастшуда шитофта, нагузоранд, ки авзоъ аз ин бадтар шавад ва садҳо ҳазор тани дигар мисли ин сокини Сингапур барои пас гирифтани амонатҳои худ навбат поянд.

Ҳукумати Амрико эълом кард, ки барои наҷоти ширкати азими суғурта ва ё бимаи Эй Ай Ҷӣ, ки дар 120 кишвари дунё фаъолият карда ва бештар аз 100 ҳазор коргар дорад, бо ихтисоси 80 миллиард доллар он муассисаи молиро зери қаноти худ мегирад. Муассисаҳои молии Аврупову Осиё, ки бо Эй Ай Ҷӣ ҳамкорӣ мекунанд, аз ин хабар хурсанд шуданд, зеро муфлисии ширкати Эй Ай Ҷӣ рӯзи онҳоро низ сиёҳ мекард. Сухангӯи ҳукумати Ҷопон Нобутака Мачимура аз иқдоми ҳукумати Амрико барои наҷоти Эй Ай Ҷӣ ибрози хушнудӣ кард, вале таъкид варзид, ки таъсири талотум дар бозорҳои молии ҷаҳон ба иқтисоди Ҷопон минималӣ хоҳад буд.

Аммо наҷоти Эй Ай Ҷӣ ҳалли тамоми мушкилот нест, балки як саъйест барои роҳ надодан ба бадтар шудани авзоъ дар бозорҳои молӣ. Аз ин рӯ бонкҳои марказии кишварҳои пешрафтаи Осиё ва Амрико саросема барои бонкҳои тиҷоратии худ қарзҳои боимтиёз ихтисос доданд, то онҳо пули кофӣ барои қарз додан ба ҳамдигар ва ҳамингуна тоб додани чархи иқтисодро дошта бошанд.

Русия низ аз талотумҳо дар бозорҳои молӣ бенасиб намонд ва қимати саҳмияҳо дар бозорҳои бурс ва ё биржаҳои ин кишвар ба андозае поин рафт, ки масъулон тиҷорат дар ин биржаҳоро боздоштанд. Аз тарси такрори бӯҳрони моливу иқтисодӣ ба мисли бӯҳрон дар 1998 ҳукумати Русия қавл дод, ки ҷиҳати кӯмак ба бонкҳо дар ихтиёри онҳо пули бештар хоҳад гузошт. Вазорати молияи Русия гуфт, барои афзоиш додани захираҳои пулии се бонки бузурги кишвар Сбербанк, ВТБ ва Газпромбанк ба онҳо тақрибан 45 миллиард доллар қарзи боимтиёз хоҳад дод. Чандин кишвари дигари аврупоӣ низ аз тарси бадтар шудани вазъ ҳамингуна рафтор карданд.

Оё ин ҳама талотумҳои молӣ ба низоми молӣ ва ё иқтисоди Тоҷикистон таъсире хоҳад гузошт? Люк Мойерс намояндаи Сандуқи байнулмилалии пул дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “талотумҳои молӣ ба эҳтимоли ғолиб ба низоми молии Тоҷикистон таъсир нахоҳад гузошт, зеро он ҳанӯз ба бозорҳои байнулмилалии молӣ ҳамоиш наёфтааст. Барои Тоҷикистон то ҳол пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз хориҷ асосан аз Русия ва кӯмакҳои расмии хориҷӣ бештар аз ҳама муҳим боқӣ мондааст.»

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG