Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Париж хостори ирсоли нирӯҳои бештар ба Афғонистон


Фаронса аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки ба Афғонистон барои муқобила бо ситезаҷӯён нирӯҳои бештарро сафарбар кунанд. Вазири дифои Фаронса Ҳерв Морин зимни боздидаш аз Австралия гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ, ба ҷуз Фаронса ва Бритониё, маблағи кофиро ба умури дифоӣ масраф намекунанд ва аз ҳамин хотир ҳам ин чиз дар камбуди нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон эҳсос мешавад. Вазири дифои Фаронса афзуд, дар ҳоле, ки муборизаи зиддитолибон ҳамоно пурчолиш боқӣ мемонад, давлатҳои хориҷӣ бояд дар Афғонистон монда барои барқарорсозии ин кишвар мусоидат кунанд. Моҳи август 10 сарбози фаронсавӣ аз дасти Толибон кушта шуданд. Феълан ин кишвар 2600 сарбозашро дар Афғонистон таҳти сарпарастии НАТО қарор додааст.
XS
SM
MD
LG