Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

4 қурбонии бомбаи сарироҳӣ дар Афғонистон


Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки дар шарқи Афғонистон бомбаи сарироҳие чаҳор сарбозро аз ҳайати нирӯҳои эътилофии таҳти раҳбарии Амрико ва як сокини маҳаллиро ба ҳалокат расонд. Низомиён ҳуввияти қурбониҳоро мушаххас накарданд, аммо гуфта мешавад, ки аксар сарбозони нирӯҳои эътилофӣ, ки дар шарқ мустақар ҳастанд, шаҳрвандони Амрико мебошанд. Имсол дар Афғонистон ҳудудан 160 сарбози хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG