Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи зидди сафорати Амрико дар Яман


Дар пайи таркишҳову тирандозиҳое, ки имрӯз сафорати ИМА дар Яманро ҳадаф қарор дода буд, хисороте ба мушоҳида мерасад. Як сухангӯи амрикоӣ гуфт, ки дар беруни сафорат дар шаҳри Сано мошини ҳомили бомбае мунфаҷир шуд ва дафъатан баъди ин ҳодиса таркиши дуюм рӯй дод, аммо сабаби он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Шоҳидон гуфтанд, ки дар паи таркиш задурхӯрди мусаллаҳонае миёни муҳофизони сафорат ва ҳамлагарони эҳтимолӣ сурат гирифт. Дар натиҷа, дасти кам ду нафар, ки бовар меравад яке аз онҳо ҳамлагар будааст, ба ҳалокат расиданд. Шуморе аз дигарон маҷрӯҳ шуданд. Сафорати Амрико гуфт, ки ҳеҷ нафаре аз кормандони сафорат осебе надидааст. Яман ватани аҷдодии Усома Бин Лоден аст ва соли ҷорӣ ба саҳнаи ҳамлаҳои зиёди Ал-Қоида табдил шуд, ки яке аз онҳо зидди сафорати Амрико нигаронида шуда буд. Масъулияти ҳамлаи моҳи мартро болои сафорати Амрико, ки касеро аз ходимони он осебе нарасонда аммо 13 духтари шогирди мактаби ҳамсояро маҷрӯҳ намуд, гурӯҳе вобаста ба ин шабакаи террористӣ ба дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG