Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди масъулини умури дифоъ аз Кобулу Исломобод


Мақомоти баландпояи умури дифои Амрико аз Афғонистон ва Покистон барои баррасии роҳҳои мубориза бо шӯришиёну Толибон ва вазъи марзи ин ду кишвар дидан мекунанд. Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс дар Кобул бо раиси ҷумҳурии Афғонистон ва мақомоти дигари баландпояи ин кишвар дидору мулоқот мекунад. Дар меҳвари ин гуфтугӯҳо мубориза зидди Толибон ва Ал-Қоида ва нигарониҳо аз ҳодисаҳои ҳалокати мардуми осоишта аз дасти нирӯҳои хориҷӣ, ки зидди ситезаҷӯён меҷанганд, қарор хоҳад дошт. Афсари калони нирӯҳои низомии ИМА ва раиси ситоди муштарак, адмирал Майк Мӯллен ҳам имрӯз дар Покистон аст ва бо нахуствазири ин кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ ва мақомоти низомии ин кишвар музокирот анҷом медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG