Пайвандҳои дастрасӣ

Амрӣ Аминов - наққоши сулҳи UNESCO


Имрӯз дар қароргоҳи бунёди СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф (UNESCO) дар як маросим ба пайкарасози тоҷик Амрӣ Аминов унвони "Наққоши сулҳ" тақдим хоҳад шуд. Дабири кулли UNESCO Коиичиро Матсуура қарор аст дар як маросиме дар қароргоҳи ин созмон дар Париж ин унвонро ба ҳунарманди маъруфи тоҷик тақдим кунад. Дар иттилоияе аз қавли оқои Матсуура гуфта мешавад, ки тақдими унвони "Наққоши сулҳ" ба Амрӣ Аминов ба хотири қадрдонии талошҳои ӯ дар заминаи тарғиби паёми сулҳ ва таҳаммулпазирии UNESCO тавассути ҳунари наққошӣ сурат мегирад. Қаблан ба ин унвони ифтихорӣ ҳунармандони дигари маъруфи ҷаҳонӣ, мисли Ману Дибанго (навозанда аз Камерун), Мияко Ёшида (раққосе аз Ҷопон), дирижери рус Валерий Гергиев ва муассиси гурӯҳи ҳунарии Gypsy Kings Чико Боучихӣ (Фаронса) сарфароз гардидаанд. Амрӣ Аминов муаллифи силсилаи пайкараҳоест, ки бо биринҷӣ сохта шуда дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ муаррифӣ шудааст. Ҳамакнун унвони ифтихории "Наққоши сулҳ" пайкарасози тоҷикро тайи ду соли оянда чун қосиди сулҳи UNESCO барои тарғибу ташвиқи ормонҳои баланди инсонӣ, даъват ба сулҳу оштӣ, ҳифзу нигаҳдошти мероси ҳунариву таърихии ҷаҳон ба шаҳру мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон сафарбар мекунад.
XS
SM
MD
LG