Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари «Регар» ба Бишкек


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода барои ширкат дар даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 17-уми сентябр ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар кард.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ пеш аз ин сафар ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дастаи «Регар» ТадАЗ 19-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии «Спартак»-и пойтахти Қирғизистон – Бишкек бо дастаи «Ишқобод»-и Туркманистон қувваозмоӣ мекунад. Ин бозӣ соати 11 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Сипас бозии дуввуми ниманиҳоӣ дар ин варзишгоҳ байни дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва «Полис Клаб»-и Непал баргузор мегардад».

Бояз тазаккур дод, ки «Регар» ТадАЗ барои аввалин бор бо «Ишқобод» рақобат хоҳад кард. «Ишқобод», ки соли 2006 таъсис ёфтааст, порсол ба унвони қаҳрамони Туркманистон даст ёфта буд. Футболбозони туркман барои аввалин бор дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат меварзанд. «Ишқобод» дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи «С» нахуст аз тими «Канбавза»-и Мянмар бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, дар ду бозии дигар бар дастаҳои «Транспорт Юнайтед»-и Бутан бо ҳисоби 7:1 ва «Ратнам»-и Шри-Ланка бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардида, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст.

Қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон – «Регар» ТадАЗ - нахустин барандаи Ҷоми раиси AFC дар соли 2005 мебошад ва барои севумин бор дар ин мусобиқот ширкат мекунад. Футболбозони шаҳри Турсунзода порсол дар даври ниманиҳоӣ аз дастаи «Полис Клаб»-и Непал шикаст хӯрда буданд.

XS
SM
MD
LG