Пайвандҳои дастрасӣ

Бегоҳи имрӯз – 17-уми сентябр маросими пӯшидашавии Бозиҳои Х111 паралимпӣ дар шаҳри Пекин баргузор мешавад.

Ин бозиҳо, ки 6-уми сентябр дар пойтахти Чин шурӯъ шуданд, бо ширкати беш аз 4 ҳазор варзишгари маълул аз 148 кишвар дар 20 ришта доир гардиданд.

Пеш аз мусобиқоти рӯзи охирини Бозиҳо варзишгарони 76 кишвар медалҳои паралимпӣ ба даст овардаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мизбон -Чин бо касби 208 медал, аз ҷумла 88 тилло дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Бритониёи Кабир бо касби 102 медал, минҷумла 42 тилло дар ҷои дуввум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 99 медал, аз ҷумла 36 нишони тилло дар ҷои севум мебошанд. Инчунин байни панҷ дастаи беҳтарин, Укроин бо касби 73 медал, аз ҷумла 24 тилло ва Австралия бо касби 79 медал, аз ҷумла 23 тилло ҷойгир шудаанд.

Ба ғайр аз Укроин миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ боз 6 кишвар – Русия, Беларус, Озарбойҷон, Латвия, Литва ва Эстония соҳиби медалҳои паралимпӣ гардидаанд.

XS
SM
MD
LG