Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Узбакистон бар лағви таҳрими Иттиҳодияи Аврупо


Оё Иттиҳодияи Аврупо ба Узбакистон даст хоҳад дод? (В. Норов ва Х. Солана дар мақарри ИА, Брюссел, 16.09.2008)
Оё Иттиҳодияи Аврупо ба Узбакистон даст хоҳад дод? (В. Норов ва Х. Солана дар мақарри ИА, Брюссел, 16.09.2008)

Моҳи октябри соли ҷорӣ Иттиҳодияи Аврупо таҳрими алайҳи Узбакистонро аз нав баррасӣ хоҳад кард.

Иттиҳодия тақдими раводиди сафар ба мансабдорони узбакро муваққатан иҷозат додааст, вале таҳрими силоҳ ба ин кишвар ҳанӯз побарҷост. Дар ҳамин ҳол, 16-уми сентябр вазири корҳои хориҷии ин кишвари осиёӣ Иттиҳодияи Аврупоро бо "меъёрҳои дугона" муттаҳам кард. Ба гуфти Владимир Норов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон, муҷозоти ин кишвар ба тамоми ОсиёИ Марказӣ таъсир мегузорад. Дар маркази таваҷҷуҳи вазир таҳрими ИА буд, ки баъди куштори дастаҷамъӣ дар Андиҷон бар муқобили ин кишвари Осиёи Марказӣ ҷорӣ шудааст.
Таҳрими содироти аслиҳа ба Узбакистон моҳи майи соли 2005-ум дар пайи таъқиби хунини гирдиҳамоиҳои шаҳри Андиҷон ҷорӣ шуд. Манъи тақдими раводиди сафар ба мансабдорони узбаки дорои нақш дар ин куштор муваққатан мутаваққиф гардидааст, ҳарчанд ҳамоно расман амал мекунад.
Намояндагони ИА мегӯянд, дар мулоқот бо онҳо вазири корҳои хориҷии Узбакистон таҳрими кишварашро намунаи "меъёрҳои дугона" дар Аврупо номидааст. Ба қавли Норов, «кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба поймолшавии ҳуқуқи инсон роҳ медиҳанд, вале касе муҷозоти онҳоро тақозо намекунад».
Дар поёни мулоқот вазири хориҷаи Узбакистон гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд ин кишварро эҳтиром кунад.
Дар ибтидо таҳрими Узбакистон шартӣ буд ва ин ҷумҳурӣ мебоист тафтиши байнулмилалии ҳаводиси Андиҷонро иҷозат диҳад, вале дар соли 2007-ум Иттиҳодияи Аврупо мавқеъашро тағйир дода, лағви таҳримро бо беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон марбут намуд.
Дар моҳи октябр вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИА идомаи таҳрим ва ё лағви онро баҳс мекунанд. Дар ҳамин ҳол, баъзе дипломатҳо мегӯянд, ки эҳтимол манъи тақдими раводиди сафар ба мансабдорони узбак лағв шавад, вале таҳрими силоҳ шояд тамдид ёбад. Аслан Фаронса ва Олмон ҷонибдори лағви комили таҳрими Узбакистон мебошанд, вале аз он ҷое, ки қарорҳои Иттиҳодияи Аврупо фақат баъди ҳамрраъйии ҳамаи аъзо қабул мешаванд, таҳрим идома дорад. Котиби давлатии Фаронса Жан Пиер Ҷоет, ки тобистони гузашта аз Узбакистон зиёрат карда, дирӯз аз номи ИА бо ҳайъати Узбакистон мулоқот намуд, мегӯяд: "Ҳанӯз ҳам андешиданибаъзечораҳо зарур аст ва бовар дорем, ки мақомоти Узбакистон онро иҷро хоҳанд кард».
Ҷоет ёдовар шуд, ки Узбакистон ҳукми эъдомро лавғ намуда, як идда маҳбусони сиёсиро аз зиндон раҳо кардааст. Дар айни замон ин мансабдори фаронсавӣ хотирнишон кард, ки дар баъзе масъалаҳо ихтилофи назари ҷонибҳо ҳамоно ҷой дорад.
Ба иддаъои вазири хориҷаи Узбакистон, ин кишвар ягона кишвари Осиёи Марказист, ки бо Иттиҳодияи Аврупо муколамаи доимии вазъи ҳуқуқи башарро раҳандозӣ кардааст. Ба гуфти ӯ, ИА бояд "анъанаҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷаҳонбинӣ"-и мардуми Осиёи Марказиро мадди назар дошта бошад. Вазир ҳамчунон бар ин ақидааст, ки татбиқи "Стратегияи Осиёи Марказӣ"-и ИА бидуни ҳамкории Узбакистон ноком хоҳад шуд.
Иттиҳодияи Аврупо ҳадаф дорад, ки дар қатори Русия, Чин ва ИМА дар Осиёи Марказӣ нуфуз дошта бошад. Бо ин мақсад соли гузашта Иттиҳодия "стротежии Осиёи Марказӣ"-ро ба тасвиб расонида буд.
XS
SM
MD
LG