Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон: ҳаводиси ахир ва адами субот


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Дар задухӯрди чанд рӯз пеш дар Ашқобод чанд корманди пулис ва афсарони амният кушта шудаанд.

Дар бораи ин ҳодиса Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон, бори аввал дар ташреҳи задухӯрд дар Ашқобод иқрор намуд. Рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои амнияти миллии кишвар ӯ гуфт, ки “ҳадаф аз амалиёт боздошти гурӯҳи қочоқбарони маводди мухаддир буд”.
Раисҷумҳур ба ниҳоди ҳукуматии мубориза бо қочоқи мухадирот амр кард, ки тарҳи бунёди марказҳо барои таҳсилу тамрини мутахасисони мубориза бо ин ҷиноятро таҳия кунад. Ӯ ҳамчунин ба зарурати омода кардани мутахассион барои мубориза бо терроризм ва ҳатто таъсиси як қисми низомии вижа ҳам ишора намуд.
Расонаҳои хабарии Туркманистон низ, бидуни ташреҳи тирпарронӣ дар Ашқобод, дар бораи амалиёти муваффақ алайҳи қочоқгарони маводди мухаддир хабар додаанд. Аммо коршиносони масоъили минтақа, хабарнигорону сиёсатмадорони туркман, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, фарзияи расмии даргирӣ дар Ашқободро зери шубҳа бурдаанд.
Дар кишваре, ки ҳукумат ҳама манобеъи хабариро зери назорат дорад ва расонаҳои мустақил аслан мавҷуд нестанд, камбуди иттилоъ дар бораи задухӯрд дар «қалби кишвар» боиси сару садоҳои зиёде гардид. Сомонаҳои интернетии Осиёи Марказӣ ва сомонаҳои мухолифини туркман, ки дар Туркманистон қобили дастрасӣ нестанд ва бархе аз расонаҳои Русия дар бораи задухӯрд дар Ашқобод иттилоъе пахш карданд, ки аз фарзияи расмӣ комилан фарқ мекунад. Аз ҷумла, сомонаи интернетии “Фергана.ru бо истинод ба як гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар навиштааст, ки дар Ашқобод кӯшиши аз байн бурдани ҳукумат ба вуқуъ пайвастааст. Сомонаи интернетии мухолифини туркман мавсум ба “Туркменская искра” дар бораи талоши суиқасд ба ҷони раисҷумҳур аз сӯи гурӯҳи мухолифини Бердимуҳаммадов хабар додааст. Бархе аз манбаъҳои русӣ мутмаъинанд, ки задухӯрд дар Ашқобод пайомади мубориза миёни гурӯҳҳои қавмӣ дар мақомоти амниятии кишвар аст. Дигар манбаъҳо, аз ҷумла, нашрияи “Время новостей”, чопи Маскав хабар доданд, ки дар Ашқобод гурӯҳи ифротгароҳои мазҳабӣ бо полису нерӯҳои амниятӣ вориди даргирӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Туркманистон теъдоди қурбониён дар ин ҳодисаро пинҳон нигаҳ медоранд, вале ба иттилоъи сомонаҳои интернетӣ, дар задухӯрд дасти кам 9 тан аз кормандони ҳифзи тартибот кушта шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз манбаъҳо теъдоди кушташудагон аз нерӯҳои ҳукуматиро то 40 нафар ҳисоб кардаанд.
Мухолифини ҳукумати Туркманистон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, новобаста аз он ки шаби ҷумъа кадом гурӯҳ алайҳи ҳукумат ошӯб кардааст, он ҳамсадои эътирози мардуми одӣ буд, ки аз фақру бекорӣ ва надоштани имкони ибрози назари худ сахт ба танг омадаанд. Нурмуҳаммад Ҳанамов, раиси ҳизби ҷумҳурихоҳони Туркманистон, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Вазъи имрӯза дар Туркманистон ба бунёдгароии мардум мусоъидат мекунад. Чаро? Мардум ягон алтернативаи дигарро намебинанд, ҳукумат дар дасти як кас мутамаркиз шудааст ва ӯ кадом самт рафтанро таҳмил мекунад. Ва ин вазъ одамонро маҷбур мекунад, ки бунёдгаро шаванд».
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баъди дарёфти курсии раисҷумҳур дарҳои оҳанини Туркманистони дорои захоири ғании табиъиро ба рӯи сармоягузорони хориҷӣ нимабоз кард. Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дар кишвар ягон ҳизби мухолифи ҳукумат сабти ном нашудааст. Бо вуҷуди захоири бузурги нафту гоз аксари туркманҳо дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, ҳарчанд Туркманистон яке аз кишварҳои орому босуботи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
Ва аммо Майкл Лаубш, раҳбари Гурӯҳи давраи гузариши Авроосиё, мақаран дар Берлин ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳодисаи ахир дар Ашқобод субот дар ин кишварро зери шубҳа мебарад.
Аммо Анна Уолкер, коршиноси лондонии масоъили Осиёи Марказӣ, бар ин аст, ки дар бораи сабабҳои воқеъии ҳодиса ва дар бораи гурӯҳҳои эҳтимолии ба он дастдошта ва ҳамчунин дар бораи то куҷо босубот будани Туркманистон ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст.
XS
SM
MD
LG