Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Маводи мухаддир таҳдид ба ояндаи Афғонистон аст"


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш мегӯяд, маводи мухаддири ғайришаръӣ ҳамоно "таҳдиди ҷиддӣ" ба ояндаи Афғонистон аст.
Бо ишора ба гузориши саросарии тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир раисҷумҳури ИМА изҳор намудааст, ки
Афғонистон дар мубориза бо кишти тарёк "каме пешрафт" намудааст, вале дар гузориш ҳамчунон омадааст, ки
қочоқи маводи мухаддир сарчашмаи фасод дар Афғонистон аст ва он ба рушди иқтисодии ин кишвар монеа эҷод мекунад.
Муаллифони гузориш муомилаи ғайриқонунӣ бо маводи мухаддирро манбаи маблағгузории хушунат ва ошӯбгарӣ унвон додаанд.
Ба гуфти президент Буш кишти тарёк, ки ашёи хоми ҳероин ва афюн аст, дар
ҷануби Афғонистон дар манотиқи зери нуфузи Толибон ба чашм мехӯрад.
Дар гузориши ИМА Афғонистону Покистон дар байни 20 кишвари истеҳсолкунанда ва
интиқолкунандаи маводи мухаддир зикр гардидаанд. Дар ин рӯйхат кишварҳои Баҳама, Боливия,
Бразилия, Мянмар, Колумбия, Ҷумҳурии Доминикан, Эквадор,
Гватемала, Ҳиндустон, Ҳаитӣ, Ҷамайка, Лаос, Мексика, Нигерия, Панама, Парагвай, Перу ва Венесуэла ҷой дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG