Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозорҳои молии ИМА рӯ ба беҳбуд ниҳоданд


Дирӯз бозорҳои молии ИМА баъди талотуми зиёд рӯ ба беҳбуд ниҳоданд. Дар поёни фурӯши рӯзи сешанбе
шохиси бозори The Dow Jones 1,3% боло рафт. Шояд мудохилаи эҳтимолии ҳукумати ИМА барои наҷоти ширкати бимаи
AIG (American International Group) боиси беҳбуди вазъи бозори молӣ шуда бошад.
Баъди муфлис эълон шудани бонки сармоягузории Lehman
Brothers сармоягузорон ба сарнавишти AIG таваҷҷӯҳ намуданд.
Бар илова дирӯз Бонки марказии ИМА баҳраи бонкиро бетағйир дар мизони 2% боқӣ гузошт.
Дирӯз бонкҳои ИМА ва дигар кишварҳои олам миллиардҳо долларро барои рафъи бӯҳрон ба муомила ворид намуданд.
Тиҷорат дар ду бозори бузурги Русия: RTS ва MICEX мутаваққиф гашт, зеро нархи авроқи гаронбаҳои ин бозорҳо беш аз 10% қурбашонро
аз даст доданд.
Ҳамин гуна поиншавии қурби авроқи гаронбаҳо дар бозорҳои Осиёву Аврупо ҳам мушоҳида шуд.

XS
SM
MD
LG