Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Фаронса сафар кард


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ба нияти ширкат дар нахустин форуми Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба масоили амниятӣ, ки рӯзи 18 сентябр баргузор мешавад, ба Порис рафт. Қарор аст, дар кори ин форуми байнулмилалӣ вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин намояндагони Созмони милал, НАТО, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва АвроОсиё ширкат варзанд. Сухангӯйи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, дар чорчӯби сафараш ба Порис Ҳамроҳхон Зарифӣ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дидору гутфугӯ анҷом хоҳад дод. Ҳамчунин, оқои Зарифӣ дар маросими супоридани ҷоизаи “Ҳунарманди ҷаҳон” ба ҳайкалтароши тоҷики муқими Фаронса Амриддин Аминов иштирок мекунад.
XS
SM
MD
LG