Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳаставии Эрон дар ИМА баррасӣ мешавад


Рӯзи ҷумъа дар Вашингтон намояндагони шаш кишвари нерӯманди олам роҳҳои
мутмаинсозии Эрон ба қатъи ғанигардонии уранро баҳс мекунанд.
Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак мегӯяд, фиристодаҳои ИМА, Чин, Русия, Британия, Фаронса ва Олмон масъаларо баррасӣ мекунанд.
Сипас ҳафтаи оянда дар ҳошияи Маҷмаи кулли СММ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ёдшуда нишасте доир мекунанд, ки сарварии онро хонум Кондолиза Райс котиби давлатии ИМА бар дӯш хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG