Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Минск раҳпаймоиро пароканда карданд


Назар ба гузоришҳои расида дирӯз дар Минск полис раҳпаймоии эътирозиро пароканда кард.
Хабаргузории Рейтерс менависад, тахминан 40 фаъоли мухолифин эътирози анъанавии ҳар моҳа ташкил намуда, мехостанд бори дигар аз мақомот талаб кунанд, ки ҳодисаҳои бе ному нишоншавии шахсиятҳои мухолифи ҳукумат дар солҳои навадуми қарни гузаштаро шарҳ диҳад.

Таъқиби эътироз ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз интихоботи парламентии Беларус ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомоти Беларус ваъда додаанд, ки ин интихобот озоду одилона хоҳад буд.

Президенти Беларус садҳо нозири хориҷиро ба муроқибати овоздиҳии 28-уми сентябр даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG