Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири мудофиаи ИМА ба Афғонистон рафт


Дирӯз бидуни эълони пешакӣ вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс ба Афғонистон сафар кард. Гейтс бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай, ки куштори мардуми мулкӣ дар як амалиёти таъқиби Толибонро танқид кардааст, мулоқот хоҳад кард. Ҷои ёдоварист, ки ҳафтаи гузашта раҳбари афғон аз тасмими ИМА дар
мавриди таъқиби ҷангҷӯён дар хоки Покистон пуштибонӣ намуд. Қабл аз Кобул Гейтс бидуни эълони пешакӣ ба Бағдод ташриф оварда буд.
XS
SM
MD
LG