Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи ИМА ихтилоф бо Покистонро баҳс мекунад


Дирӯз бидуни эълони пешакӣ раиси ситоди муттаҳидаи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА адмирал Майк Маллен ворди Покистон шуд.
Номбурда бо раҳбарони мулкиву низомии Покистон дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
Сафари мақоми баландпояи амрикоӣ замоне сурат мегирад, ки Вашингтону Исломобод дар масъалаи бархӯрд бо ҷангҷӯёни исломӣ дар марзи миёни Покистону Афғонистон ихтилофи назар доранд. Дирӯз артиши Покистон гуфт, агар нерӯҳои ИМА марзи Афғонистонро убур намуда, дар хоки Покистон амалиёт пеш баранд, воҳидҳои низомӣ фармон гирифтаанд, ки сӯи онҳо оташ кушоянд. Моҳи равон нерӯҳои ИМА дар хоки Покистон амалиёт пеш бурда буданд.
XS
SM
MD
LG