Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи амали эътилофи норанҷӣ дар Радаи Укроин


Рада, 16-уми сентябри соли 2008
Рада, 16-уми сентябри соли 2008

16-уми сентябр эътилофи норанҷӣ фаъъолияти худро дар Рада, порлумони Укроин, расман қатъ намуд.

Арсений Яценюк, раиси порлумони Укроин, аз байн рафтани эътилофи норанҷӣ дар Радаро амали деринтизор, вале «басо маъюскунанда» номид. Ин ҳам дар ҳолест, ки шикасти эътилофи мазкур на барои ҳама ғамзада будааст, ки яке аз онҳо Виктор Янукович, раиси Ҳизби минтақаҳо, мебошад: «Қатор омад ва дар лой дармонд. Ин, ба истилоҳ, эътилофи демократӣ, ки дар асл ҳеч гоҳ вуҷуд надошт, чун шабнам аз нури офтоб нопадид шуд».
Коршиносон аз байн рафтани Эътилофи демократиро чун шикасти навбатӣ дар роҳи пуршебу фарози рушди Укроин баъд аз пирӯзии инқилоби «норанҷӣ» дар соли 2004-ум арзёбӣ мекунанд.
Ду раҳбари ғарбгарои эътилоф – Виктор Юшенко ва Юлия Тимошенко – бо вуҷуди рақобати шадиди сиёсӣ, таййи чаҳор сол талош карданд, ки ҳамкории худро идома диҳанд. Аммо иттиҳоди ахири онҳо – эътилофи ҳукмрон дар Верховная Рада – ҳамагӣ 9 моҳ умр дид. Коршиносон мегӯянд, ки Иттиҳоди Юлия Тимошенко ва ҳизби “Укроини мо – Худдифоъи мардумӣ” – ҳизби пуштибон аз раисҷумҳур Виктор Юшенко дар мавриди ҳамроҳ бо Русия ё бо Ғарб ҳаракат кардани Укроин ихтилофи назар доранд.
В. Юшенко, ки барои пайвастани Укроин бо Иттиҳодияи Аврупо ва NАТО талош дорад, моҳи гузашта дар ҷанг дар Қафқоз аз Тифлис пуштибонӣ намуд ва ҳатто кӯшид, ки рафтуои киштиҳои русии Флоти баҳри Сиёҳ дар марзҳои обии Укроинро маҳдуд созад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Юлия Тимошенко аз мавқеъи раисҷумҳур ҷонибдорӣ накард ва ба дунболи ин Юшенко ҳампаймони худро дар талоши дифоъ аз манофеъи Русия дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳури Укроин муттаҳам намуд.
Аслан Юлия Тимошенко хостори дарёфти курсии раисҷумҳури Укроин буданашро пинҳон намекунад. Виктор Юшенко низ барои боз як давраи дигар дар ин маснад боқӣ мондан талош хоҳад кард. Евгениюш Смолар, коршиноси масоъили Укроин ва раиси Маркази равобити байнулмилалии Варшава, ҳадс мезанад, ки шикасти эътилофи норанҷӣ ва шурӯъи рақобатҳо барои соҳиб шудан ба курсии раисҷумҳур барои ҳукумати Укроин паёмади нек нахоҳад дошт: «Ин хабар дар бораи дурнамои мубориза барои мақоми президентӣ маънои онро доранд, ки таййи 18 моҳи оянда ҳаёти сиёсии Укроин фалаҷ хоҳад шуд. Ин хабари басо бад барои Укроин, хабари басо бад барои ҳамкории Укроин бо Иттиҳодияи Аврупо ва NАТО мебошад».
Эътилофи “норанҷии” ҳукмрон дар ҳоле аз байн рафт, ки ҳафтаи гузашта мақомоти ИА хостори равобити наздик бо Киев шуданд, вале аз пахши изҳороти мушаххас дар бораи имкони вуруди Укроин ба ин Итиҳодия худдорӣ карданд. Аз ин пеш, дар нишасти худ дар Бухарест NАТО Киевро ба нақшаи амали узвият ба ин паймон шомил накард.
Ёдовар мешавем, ихтилоф миёни «Иттиҳоди Юлия Тимошенко» ва ҳизби “Укроини мо –Худдифоъи мардумӣ” баъд аз он сар зад, ки авоили моҳи равон вакилон аз ИЮТ ҳамроҳ бо вакилон аз Ҳизби манотиқ бо пазируфтани чанд қонун бархе аз ваколатҳои раисҷумҳурро аз байн бурданд ва раванди эълони импичмент ба президентро осонтар карданд.
Виктор Юшенко ин амалкардро чун талоши табаддулоти сиёсӣ арзёбӣ карда буд. Акнун дар 30 рӯзи оянда бояд порлумон эътилофи нав таъсис кунад, дар акси ҳол Верховная Рада пароканда ва интихоботи нави порлумонӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG