Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Амрико 50 миллиарди дигар ҷудо кард


Бонки федеролии Амрико рӯзи сешанбе ба хотири таскин додани бозорҳои бурс дар пайи расвоии молии бонки сармоягузории Леман Бразерс 50 миллиард доллар ҷудо кард.

Ин бар иловаи 70 миллиардест, ки Бонки федеролии Амрико рӯзи душанбе масраф кардааст. Рӯзи сешанбе барои муқобила бо бӯҳрони пешомада Бонки Марказии Аврупо боз 70 миллиард евро, Бонки Инглистон боз 20 миллиард паунт ва Бонки Ҷопон беш аз 14 миллиард доллар ҷудо карданд.

Бо ин ҳол, уфти босуръати қимати саҳом дар бозорҳои бурси Осиёву Аврупо рӯзи сешанбе низ ҳамчунон идома кардааст. Шохиси Nikkei дар Ҷопон дар оғози фурӯшот беш аз 4 дарсад пойин рафта, қимати саҳом дар бозорҳои Кореяи ҷанубӣ ва Ҳонгконг то 5,5 фоиз ва дар Русия 10 дарсад коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG