Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 3,2 миллиард $ шудааст


Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар дар 8 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ баробар ба 3, 2 миллиард доллар шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2007 25 дарсад бештар аст.

Аммо таносуби байни содироту воридот ба андозаи беш аз 1 миллиард доллар манфӣ будааст. Омори нашршуда ҳокист, ки беш аз 2 миллиард доллар, ё худ қариб 70 дарсад аз ҷамъи табодули молу колои Тоҷикистон бо 6 кишвар – РусиявуТуркия, Ҳолланду Чин ва Қазоқистону Узбакистон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG