Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40% қурбониён дар Афғонистон ғайринизомӣ будаанд


СММ мегӯяд, мизони ҳалокати афроди ғайринизомӣ дар Афғонистон ба ҳадди тақрибан 40 дарсад наздик шудааст, ки аз тайи 7 соли гузашта аз суқути Толибон бесобиқа будааст.

СММ шумори афроди ғайринизомии тайи 8 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ кушташуда дар Афғонистонро 1 445 нафар баровард кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 405 нафар бештар мебошад. Масъули ҳуқуқи башари СММ Нави Пиллей гуфта, ки танҳо дар моҳи август 330 нафари ғайринизомӣ ба ҳалокат расидаанд, ки ин моҳро ба хунинтарин моҳ аз замони суқути Толибон дар 7 соли пеш табдил медиҳад.

55 дарсади мавориди ҳалокати афроди осоишта, ба ҳисоби СММ, ба Толибон ва гурӯҳҳои дигари ҷангӣ таалуқ мегирад.
XS
SM
MD
LG