Пайвандҳои дастрасӣ

Одиерно фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқ шуд


Рӯзи сешанбе генерал Раймондо Одиерно фармондеҳии нирӯҳои тақрибан 150 000-нафарии Амрико дар Ироқро бар ӯҳда гирифт. Одиерно дар ин симат генерал Дейвид Петреусро иваз мекунад. Петреус тайи 19 моҳи фармондеҳии ин нирӯҳо тавонист шумори нирӯҳои Амрико дар Ироқ ба 30 000 афзуда, ба пойин бурдани мизони хушунат дар он кишвари ҷангзада даст биёбад.

Петреус акнун фармондеҳии ситоди марказии артиши Амрикоро бар дӯш мегирад. Ин ситод ба нирӯҳои Амрико дар густураи бузурге аз шимоли Африқо то ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Ироқу Афғонистон раҳбарӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG