Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Схеффер гуфт, тавсиъаи НАТО идома хоҳад ёфт


Дабири кулли паймони низомии НАТО Яап де Ҳуп Схеффер гуфт, тавсиъаи ин паймон бо вуҷуди мухолифати Русия идома хоҳад ёфт. Схеффер, ки дар раъси ҳайъати бузурги иборат аз сафирони ҳамаи 26 кишвари узви НАТО аз рӯзи душанбе дар Гурҷистон ба сар мебарад, имрӯз дар Тифлис гуфт, дарҳои НАТО комилан бозанд ва касе наметавонад ҳатто тавасути иқдомоти низомӣ пеши роҳи равобити ин паймон бо кишварҳои дигарро бигирад. Дабири кулли НАТО тайи ин сафари дурӯзааш ба хотири намоиши аҳамият ва ояндаи равобит бо Тифлис кумиссиюни муштараки НАТО ва Гурҷистонро таъсис дод, вале аз гуфтани кадом замони мушаххаси ба узвияти ин паймон пайвастани Гурҷистон худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG