Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили истиқлоли Тоҷикистон дар Русия


Маъракаи идонаи тоҷикон дар Маскав
Маъракаи идонаи тоҷикон дар Маскав

Дар шумораи навбатии барномаи «Садои Ҳамватан» матолиби зеринро барои пахш омода кардаем.

Тоҷикон дар Русия истиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд

Ҳафтае, ки гузашт, Тоҷикистон 17-умин солгарди истиқлоли давлатии худро ҷашн гирифт. Аз лиҳози аҳамияти таърихӣ ҷашни истиқлол барои мардуми ин кишвар шояд аз муҳимтарин ҷашнҳои сол ба шумор меравад. Дар берун аз Тоҷикистон низ шумораи зиёди тоҷикон ба сар мебаранд. Масалан, тибқи маълумоти тақрибӣ дар Русия беш аз як миллион нафар тоҷикон иқомат доранд.

Дар бузургтарин шаҳрҳо ё вилоёти Русия шумораи муҳоҷирони тоҷик ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад ва онҳо ҷамъиятҳо ё созмонҳои худро ташкил кардаанд. Дар чаҳорчуби чунин ҷамъиятҳои миллӣ гурӯҳҳои ҳунарӣ низ фаъолият мекунанд. Масалан, дар ҳавзаи Перм беш аз 30 ҳазор нафар тоҷикон ба сар мебаранд. Дар як гуфтугӯи телефонӣ Раҳматуллоҳ Мазориев, -раиси ҷамъияти тоҷикони Перм, мегуяд, онҳо низ 17-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро дур аз Ватан дар Перм ҷашн гирифтаанд.

Сабти номи муҳоҷирони кории хориҷӣ дар меҳмонхонаҳои Русия

Аз 12-уми сентябр мақомоти шаҳрдории Маскав иҷоза додаанд, ки муҳоҷирони кории кишварҳои ҳамсуд, аз ҷумла Тоҷикистон, дар панҷ меҳмонхонаи Маскав барои муддати се моҳ сабти иқомат кунанд. Дар ин муддат муҳоҷири корӣ метавонад барои худ ҷои кор биёбад ва бо корхона қарордоди корӣ имзо кунад. Ин чӣ меҳмонхонаҳоест ва шарту шароити сабти иқомат дар он ҷойҳо дар чӣ асос анҷом мегирад? Ҳамкори мо Муҳаммадраҳими Сайдар дар Маскав дар ин бора гузориш додааст.

Мушкилиҳо таҳсили фарзандони тоҷикони муқими Қирғизистон

Муҳоҷирони тоҷики муқими Қирғизистон гуфтаанд, онҳо мехоҳанд фарзандонашон дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил кунанд, вале ба сабаби набуди мактаби тоҷикӣ фарзандони онҳо ба мактабҳои русӣ ё қирғизӣ мераванд. Ҳоло ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон мехоҳад дар Бишкек мактаби тоҷикии рӯзи якшанбе ташкил кунад ва тадрис дар ин мактабро худи тоҷикон бар ӯҳда бигиранд. Ҳадафи муҳоҷирон ин аст, ки фарзандони онҳо аз таъриху адабиёти ниёгони худ дур намонанд ва нутқи тоҷикии фарзандонашон равон шавад. Ҳамкори Мирасрори Фарғонӣ дар Бишкек дар ин бора бо чанд нафар аз фаъолони ҷамъияти тоҷикон мусоҳиб шуд ва ба "Садои Ҳамватан" гузорише фиристод.

Таъсиси хадамоти ҷустуҷӯи гумшудагон дар Рашт

Дар водии Рашт дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳифзи ҷони худ шуморе аз сокинон минтақаро тарк ва ба кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд. Сипас шумори дигар дар ҷустуҷӯи кор зодгоҳ ва хонаводаҳои худро тарк кардаанд. Баъзе аз онҳо ба ватан барнагаштанд ва бо хонаводаҳои худ низ иртибот надоранд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари минтақа барои ҷустуҷӯ ва ба зодгоҳ баргардонидани онҳо ниҳоде ташкил кардааст. Ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ дар водии Рашт дар бораи факъолиятиин ниҳод гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки барномаи "Садои Ҳамватан" ҳар ҳафта шоми рӯзҳои шанбеву якшанбе соъати 20-у 30 дақиқа ва субҳи рӯзҳои якшанбеву душанбе соъати 8-у 30 дақиқа ба вақти Тоҷикистон пахш мешавад.

XS
SM
MD
LG