Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқ иваз мешавад


Генерал Дейвид Петреус имрӯз аз мақоми фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқ канор меравад. Генерал Петреус фармондеҳии ин нирӯҳоро дар тӯли 19 моҳи ахир бар дӯш дошт ва ин муддате буд, ки шумори нирӯҳои Амрико дар Ироқ ба 30 000 нафар афзуда, мизони хушунат дар он кишвари ҷангзада дар ин муддат хеле коҳиш ёфт. Аммо рӯзи душанбе, дар арафаи таҳвили фармондеҳии нирӯҳои Амрико, дар Ироқ дар асари 3 таркиши бамб 34 нафар кушта ва даҳҳои дигар захмӣ шуданд.

Дейвид Петреус симати фармондеҳии тақрибан 150 000 сарбози Амрико дар Ироқро ба генерал Раймондо Одиерно таслим мекунад.
XS
SM
MD
LG