Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти босуръати қимати саҳом дар бозорҳои ҷаҳон


Рӯзи сешанбе уфти босуръати қимати саҳом дар бозорҳои бурси Осиё ҳамчунон идома кардааст. Шохиси Nikkei дар Ҷопон дар оғози фурӯшот беш аз 4 дарсад пойин рафт. Қимати саҳом дар бозорҳои Кореяи ҷанубӣ ҳамин тавр, 5,5 фоиз коҳиш ёфт.

Бонки марказии Ҷопон, дар ҳамин ҳол, ба хотири рафъи асароти расвоии молии “Lehman Brothers”, чаҳорумин бонки бузурги сармоягузории Амрико, беш аз 14 миллиард доллар ихтисос додааст. Ин дар ҳолест, ки шоми душанбе, дар поёни фурӯшоти бозори бурси Ню-Йорк шохиси Dow Jones беш аз 500 нуқта пойин рафтааст. Чунин мизони уфти шохиси Dow Jones аз соли 2001 ба ин сӯ собиқа надоштааст.
XS
SM
MD
LG