Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эътилофи норанҷӣ" дар Украина пош хӯрд


Эътилофи ҳокими рӯ ба Ғарби Украина имрӯз пош хӯрд. Арсений Ятсенюк, раиси Верховни Рада дар оғози иҷлосияи парлумони Украина фурӯ пошидани “эътилофи норанҷӣ”-ро расман эълон кард. Ин эътилоф, ки ҳанӯз дар рӯзҳои инқилоби “норанҷӣ”-и соли 2004 ба вуҷуд омада, аҳзоби гурӯҳҳои сиёсии тарафдори раисиҷумҳур Виктор Юшенко ва сарвазир Юлия Тимошенкоро муттаҳид мекард, дар пайи хуруҷи тарафдорони Юшенко фурӯ пошид. Иттиҳоди Тимошенко бо сарвазири пешин Виктор Янукович ба хотири кам кардани салоҳиятҳои президент мояи хашми онҳо шуда буд.

Акнун агар дар зарфи 30 рӯз дар парлумон як эътилофи ҷадиди ҳоким ташкил нашавад, дар Украина интихоботи нави парлумонӣ доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG