Пайвандҳои дастрасӣ

«Хуҷанд» - дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон


Бозии ҷавобии ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 байни дастаҳои «Динамо»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид.

Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, нахуст бозигари «Динамо» Низом Раҳимов дар дақиқаи 24-ум ҳисобро боз кард. Вале дар нимаи дуввуми бозӣ Ҷамолиддин Оев, бозигари «Хуҷанд» (дар дақиқаи 65-ум) ҳисобро баробар намуд. Ин голи дар меҳмонӣ ба самар расондаи ӯ, ки дучанд ҳисобида шуд, ба дастаи «Хуҷанд» имкон дод, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёбад. Зеро бозии аввали ҳаштякниҳоӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:0 хотима ёфта буд.

Бад-ин тартиб, дар даври чаҳорякниҳоӣ «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо «Хуҷанд» ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Энергетик»-и Душанбе рақобат хоҳанд кард. Бозиҳои авали чаҳорякниҳоӣ 24-уми сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 27-уми сентябр баргузор мешаванд.

Ғолиби ҷуфти «Парвоз» - «Хуҷанд» дар даври ниманиҳоӣ бо CSKA «Помир»-и Душанбе ва ғолиби ҷуфти «Вахш» - «Энергетик» бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG