Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки шурўъ аз мавсими нави ғунучини ҳосили пахта нархи онро бояд худи кишоварз таъин кунад, на каси дигар.

Бо таъкид ба ин нукта, Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, дар як ҷаласаи хосаи ҳукуматӣ гуфт, аз ин ба баъд корхонаҳои коркарди пахта бояд аз деҳқонон пахтаро бо нархи баланд харидорӣ кунанд, чун пахтакорон низ барои чиниши пахта алоқамандии бештар зоҳир намоянд. Вай афзуд, дар сурати татбиқ нашудани механизми ҷадиди харид ё қабули пахта аз хоҷагии деҳқонӣ, низоми нави маблағгузории хоҷагиҳои пахтакор, ки ҳамагӣ аз бонкҳо қарз гирифтаанд, натоиҷи қобили пазириш нахоҳад дод. Ба андешаи раиси вилоят, хоҷагии кишоварзӣ бояд дар интихоби харидори «тиллои сафед» озод бошад ва ҳамзамон, корхонаҳои коркарди пахта низ хидматрасонии босифату ба қимати дастрасро роҳандозӣ намоянд.

Ба тахмини мақомоти кишоварзии Хатлон, дар сурати ба қимати 600 доллар харидани ҳар тонн пахта, кишоварзон ниҳоятан хароҷоташонро пўшиш дода ва низ даромад ба даст меоранд.

Аммо раиси Хатлон дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ масъулини корхонаҳои коркарди пахтаро амр дод, ҳар тон пахтаи хоҷагиҳоро ба қимати на кам аз 700-800 доллари амрикоӣ бихаранд, дар сурати акс, фаъолияти корхонаҳои мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ манъ хоҳад гардид.

Дар вилояти Хатлон айни замон дастикам 35 корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта ва аммо раҳбарони бисёре аз ин корхонаҳо иқрор мекунанд, ки дар ҳоли ҳозир пуле барои харидории пахта аз кишоварзонро дар ихтиёр надоранд. Иқтидори солонаи корхонаҳои пахтатозакунӣ ба ҳисоби миёна то 16 ҳазор тоннро ташкил медиҳад ва барои ба қимати то 800 доллар харидани ҳар тонна пахта ҳар яке аз корхонаҳои Хатлонро миллионҳо доллар лозим меояд.

Тибқи иттилои расмӣ, қарзи пахтакорони хатлонӣ ба 1-уми январи соли 2008 беш аз 300 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG